МУЛОҚОТИ ВАКИЛОН БО МАРДУМОНИ СУҒДУ ХАТЛОН
Душанбе, 17 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар доираи мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон дар ҷамоати «Янгиҳаёт» ва «Катаған»- и ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров вохӯрии муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Назира Ғаффорова, вакилон Талбак Салимов ва Мақсуда Салимова бо сокинони ин ҷамоатҳо доир шуд. Дар мулоқот вакилон бо интихобкунандагон доир ба фаъолияти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар чор моҳи охир, таъмини амнияти энергетикию озуқаворӣ, гузариш ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ, омодагии мардум ба мавсими тирамоҳу зимистон, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар кишвар ва омодагӣ ба ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карданд. Тибқи иттилои сардори хадамоти иттилоотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, чунин вохӯрӣ бо интихобкунандагон дар вилояти Хатлон бо ҳузури вакилон Амирбек Маҳмадалиев, Ҳабибулло Саъдуллоев ва Сафаралӣ Гулов низ доир шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






