ОЗМУНИ «МУТАХАССИСИ БЕҲТАРИНИ СОЛ» ОҒОЗ ГАРДИД

Сентябрь 16, 2010 09:18

Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва эътибори касбҳое, ки ба рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёт мусоидат мекунанд, инчунин дарёфту ҷалби мутахассисони варзида, шахсони соҳибистеъдод ва ҳавасмандию қадршиносии онҳо қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода оид ба баргузории озмуни вилоятии «Мутахассиси беҳтарини сол» ба тасвиб расид. Озмуни мазкур бо ташаббуси раиси вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар ҳудуди вилоят аз 1-уми сентябри соли 2010 то 1-уми сентябри соли 2011 гузаронида шуда, дар он намояндагони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят ширкат меварзанд. Аз рӯи шартҳои озмун унвони «Мутахассиси беҳтарини сол» танҳо насиби онҳое мегардад, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ҳудуди вилоят ҷойи иқомати доимӣ доранд ва дар идораву муассисаҳои вилоятӣ, новобаста аз шакли моликият ва сохторашон фаъолият менамоянд. Дар пешбарии номзадҳо  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, корхонаву муассисаҳои ҳудуди вилоят ва тамоми шаҳрвандон ҳуқуқи ширкат варзиданро доранд. Инчунин, худпешбарӣ низ иҷозат дода шудааст. Мавриди зикр аст, ки озмун аз рӯи 20 номгӯи ихтисос, аз ҷумла бинокори сол, бонкири сол, варзишгари сол, духтури сол, донишҷӯи сол, кишоварзи сол, китобдори сол, милисаи сол, муаллими сол, олими сол, рӯзноманигори сол, соҳибкори сол ва амсоли инҳо гузаронида шуда, унвони «Мутахассиси беҳтарини сол» аз рӯи номгӯи касбият дар алоҳидагӣ муайян мегардад. Аз рӯи ҳар ихтисос 1 нафар ғолиб муайян карда шуда, бо мукофотҳои махсус – ҷоиза ва дипломи озмун, ифтихорномаи раиси вилояти Суғд ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 1000 (ҳазор) сомонӣ сарфароз гардонида мешавад.  

Сентябрь 16, 2010 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид