ТИРАНДОЗОНИ БЕҲТАРИН ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Тибқи Қарори Анҷумани V-уми Шӯрои Марказии ДОСААФ-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 16 то 20 сентябри соли ҷорӣ мусобиқаи байналмиллалии варзиши тирандозӣ барои дарёфти «Ҷоми Иттиҳод» гузаронида мешавад. Мусобиқа дар Клуби ҷумҳуриявии варзиши тирандозии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи марказии ТҶММ ҶТ хабар доданд, баҳри дарёфти «Ҷоми Иттиҳод» тирандозони беҳтарини мақомоти қудратии давлатҳои Русия, Белоруссия, Озорбойҷон ва Қазоқистон ба Тоҷикистон ташриф меоранд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






