ҲАҶ НАРАФТА ПУЛ СОХТАНД
Душанбе, 4 октябр.(АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).—Дар шаҳри Норак афроде кору зиндагӣ менамоянд, ки маблағҳои хешро барои корҳои хайр ва ободии шаҳр сарф менамоянд. Соли ҷорӣ деҳаи Кибири Норак дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарари зиёд дид.Барои рафъи хисороти ин деҳа мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорони инфиродӣ ташаббуси наҷиб нишон доданд. Гурӯҳе аз сокинони шаҳр, аз ҷумла Муҳаммадӣ Шамсуллоев, Мирзоалӣ Сангов. Хуросон Абдувоҳидова, Бозори Давлат, Сироҷиддин Маҳмудов, Абдулло Ёров ва чанд нафари дигар, ки имсол нияти ба ҳаҷ рафтан доштанд, 70 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ намуда, 700 метр канали деҳаи Кибирро таъмиру васеъ намуда, пули болои онро азнав сохтанд. Ин амал шаҳодати он аст, ки мардуми шаҳри Норак баҳри ободу зебо гардонидани хонаи худ, шаҳри худ, хиёбону кӯчаҳои он пайваста меҳнат намуда, вазъи зиндагии хешро батадриҷ беҳтар мегардонанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






