ҲАМКОРИҲО ДАР СЕ САМТ
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар». Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои бахши робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дирӯз дар маркази таълими калонсолон вохӯрии директори маркази мазкур Алишер Фаромӯзов бо намояндагони Созмони Байналмилалии меҳнат, мушовири калон оид ба сиёсати глобалию иҷтимоӣ Тимо Вайпио ва роҳбари Барномаи бартарафсозии ҳолати бӯҳронӣ ва бехатарии меҳнати шоиста Тария Паркинен баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ намояндагони Созмони Байналмилалии Меҳнат-(СБМ) иброз доштанд, ки ҳамкории худро бо маркази таълими калонсолони ҶТ дар се самт: дастгирии иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва беҳтар намудани шароити меҳнат ба роҳ мемонанд. Дар ин вохӯрӣ тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки вобаста ба талаботи бозори меҳнат касбҳоеро мавриди омӯзиш қарор диҳанд, ки дар шароити имрӯза ба он эҳтиёҷ зиёд аст. Ба гуфти ҳамоҳангсози СБМ Собир Аминов, ҳадафи асосии ин вохӯрӣ тағйир додани методологияи омӯзиш дар Маркази таълими калонсолон аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






