ҲАВАСМАНДӢ АЗ БОЛО РАФТАНИ НАРХ
Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти расмии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, ҷамъоварии пахта дар ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ бо ҷаҳду талоши зиёд идома дорад. Ноҳияҳои пахтакор ҳар рӯз ба андозаи 2- 2,5 фоизи нақша пахта ҷамъоварӣ менамоянд. То имрӯз дар ҷумҳурӣ 4 ноҳия: Панҷ ва Шаҳритус дар вилояти Хатлон, ноҳияи Айнӣ дар вилояти Суғд ва ноҳияи Ҳисор миёни ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаи ҷамъоварии пахтаро беш аз 100 фоиз иҷро намуда, илова ба нақша даҳҳо тонна пахта чида супориданд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, ба хирмани «Хосил — 2010» беш аз 248 ҳазор тонна пахтаи аълосифат ҷамъ оварда шудааст, ки ба 83 фоизи нақшаи солонаи ҷамъоварии он баробар аст. Рӯзҳои наздик боз 4 ноҳия дар вилояти Хатлон ва 1 ноҳия дар вилояти Суғд аз иҷрои нақша мужда хоҳанд дод. Ин рӯзҳо ноҳияҳои Бохтар ва Данғара ба андозаи 2 – 2,3 фоиз, Ҳамадонию Вахш ба андозаи 1,4, — 1,9 фоиз пахта ҷамъоварӣ менамоянд ва то рафт ба марра наздик мешаванд. То имрӯз дар вилояти Хатлон аз 194 ҳазор тонна пахтаи дар нақша пншбинишуда, беш аз 170 ҳазор тонна, дар вилояти Суғд аз 92 ҳазор тоннаи нақшавӣ 65 ҳазор тонна ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 14 ҳазор тонна беш аз 11 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст. Боиси тазаккур аст, ки соли равон бо сабаби боло бардоштани нархи чиниши пахта ҳавасмандии мардум дар ҷамъоварии он бештар гардид. Айни замон дар майдонҳои пахтазори ҷумҳурӣ беш аз 165 ҳазор чинакчиён ба ҷамъоварии пахта сафарбар гардидаанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






