ҲОСИЛИ ФАРОВОНИ БАДАХШОН
Бадахшон, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).-Дар ин рӯзҳо дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ВМКБ ҷамъоварии тамоми намудҳои зироати ғалладонагӣ ва маҳсулоти полезӣ босуръат ҷараён дорад.Агар дар навоҳии поёноби рӯдхонаи Панҷ мавсими ҷамъоварии ҳосил анҷом ёфта бошад, дар ноҳияҳои болоӣ ин маърака идома дорад. Тибқи маълумоти Раёсати кишоварзии вилоят имсол дар майдони 1143 гектар зироати тирамоҳӣ кошта шуд, ки аз ин ҳисоб 1002 гектари он ғалладона мебошад. Бояд гуфт, ки деҳқонон имсол ҳосили хуби зироати ғалладона рӯёниданд. Ҳосили ҳар гектар ғаллазор ба 17,9 сентнерӣ расид.. Картошкапарварони вилоят низ имсол аз ҳар гектар 199 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намуданд. Дар пешбурди корҳои саҳроӣ техникаи кишоварзӣ босамар истифода мешавад,-мегӯяд сардори идораи кишоварзии вилоят Назрӣ Назриев. Дар навоҳии вилоят ҷамъоварии ҳосили бо ранҷ парваридаи марди деҳқон идома дошта, деҳқонон аз ҳар соату лаҳзаи мусоид самаранок истифода мебаранд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






