ҲУҶУМИ АВБОШОН БА ФУТБОЛБОЗОН
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- 11 октябри соли 2010 соати 17.30 як гурӯҳ шахсони номаълум тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда, ба футболбозони дастаҳои «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ва «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ ҳангоми баромадан аз варзишгоҳи Восеъ дашномҳои қабеҳ дода, онҳоро сангборон намуданд, ки дар натиҷа оинаҳои автомашинаи шахсии Мухторов Абдулазиз Каримович, соли таваллудаш 1960, истиқоматкунандаи кӯчаи Ф. Муҳаммадиев-23, тамғаи «Хундай-Старекс», рақами давлатиаш 19-70 РТ 01-ро шикаста ба ӯ ба маблағи 1250 сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШКД ноҳияи мазкур муайян шуд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрвандон Тошпӯлодов Қурбоналӣ Бегмуродович, соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи к. Қараев-7, бекор, Ахмедов Мӯҳсин Бобошоевич, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи к. Ленин, х. 39/1, бекор, ноболиғ Салимов Акбар Алиевич, соли таваллудаш 1996, истиқоматкунандаи к. Ленин-17, хонандаи синфи 8 мактаби таҳсилоти умумии рақами №1, Идиев Холиқ Халилович, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи к. Э. Ҷӯраева, х. 33 ва донишҷӯи омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №61 содир намудаанд. Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Маҳмадулло Асадуллоев-сардори маркази матбуоти ВКД хабар дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






