ҶӮРОБҲОИ ХУДӢ МЕАФЗОЯНД
Суғд, 11 октябр.(АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Истеҳсоли пахта ва коркарди ниҳоии он барои пешбурди иқтисодиёти ноҳияи Зафаробод нақши асосӣ дошта, бунёди фабрикаи ҷӯроббофӣ аз риштаи пахтагини худӣ барои ғанӣ намудани буҷет, истеҳсол ва фурӯши ҷӯроб, таъмини аҳолии маҳаллӣ бо ҷойҳои корӣ манфиати иқтисодию иҷтимоӣ меоварад. Иқтидори лоиҳавии фабрика истеҳсоли 3 миллион ҷуфт ҷӯроб аз нахи пахтаи истеҳсоли худӣ мебошад.Навбати аввали корхона барои истеҳсоли 1,5 миллион ҷуфт ҷӯроб тавассути 30 адад таҷҳизоти бофандагӣ дар арафаи таҷлили рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз мекунад. Корхона, ҳамчунин, дорои коммуникатсияи муҳандисии таҷҳизоти дӯзандандагӣ ва рангу бор мебошад. Ин коргоҳ бо маблағгузории ширкати «ХИК» аз ҷониби сохтмончиёни ширкати «Тиниал» бунёд гашта, дар навбати аввали фаъолияти он 150 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Дар ин иншооти истеҳсолӣ корҳои сохтмонӣ ва омодагӣ ба васлу насби таҷҳизот бовусъат ҷараён доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






