ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ДРАМАНАВИСОН
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Аз 12 то 14 октябри соли равон бо иштироки коргардонҳо, ҳунармандон ва мунаққидони театрӣ дар Вазорати фарҳанг ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии драманависон доир гардид. Пас аз баҳсу муҳокимарониҳо ҳайати Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанг ва иштирокчиёни Озмун ба қарор омаданд, ки ба ҷоизаи аввали озмун, ки аз 2 000 доллари ИМА иборат аст, ягон асар лоиқ нест. Ҷои дуюм тариқи овоздиҳии кушода ба драмаи «Бо як гул ҳам баҳор мешавад»-и Иброҳим Усмонов ва Абдуҳафиз Қодиров бо маблағи 1 500 доллар сазовор дониста шуд. Ҷои сеюм бошад, ба песаи «Тулӯъ. Муколамаҳои академик»-и Абдуғаффори Абдуҷаббор бо маблағи 1000 доллар дода шуд. Барои асарҳои «Моҷарои ишқ»-и Садри Умар ва «Дуо диҳед, қиблагоҳ»-и Шодӣ Солеҳ мукофоти ҳавасмандкунӣ дар ҳаҷми 500 долларӣ тақдим гардид. Ёдрас мешавем, ки Вазорати фарҳанг Озмуни ҷумҳуриявии драманависонро бахшида ба 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2009 то 1-уми октябри соли 2010 бо мақсади дарёфти асарҳои беҳтарини драмавии муосир эълон намуда буд. Тайи 18 моҳ аз ҷониби адибони тоҷик ба унвони Вазорати фарҳанг 14 асар пешниҳод шуда буд, ки пас аз баррасӣ дар Шӯрои бадеии вазорат ба даври ниҳоӣ 9 асар роҳхат гирифт.