ҶАШНВОРАИ ХУШНАВИСОН
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки 13 октябр дар толори маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи нахустин Ҷашнвораи хушнависии ЭКО бо ҳузури мақомоти Тоҷикистон, сафирон, намояндагиҳои байналмилалӣ ва шахсиятҳои фарҳангӣ баргузор мегардад. Дар он ҳунари хушнависон аз давлатҳои Эрон, Афғонистон, Покистон, Туркия, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон муаррифӣ карда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки ин чорабинӣ бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаи фарҳангии ЭКО созмон дода шудааст. Дар назар аст, дар маросими ифтитоҳи нахустин Ҷашнвораи хушнависии ЭКО Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва Раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО Ҳуҷатуллоҳи Аюбӣ иштирок ва баромад хоҳанд намуд. Дар нимаи дуюми ҳамон рӯз дар осорхонаи ба номи Камолиддини Беҳзод ифтитоҳи намоишгоҳи осори хушнависони кишварҳои узви ЭКО оғоз меёбад. Бояд қайд намуд, ки Намоишгоҳи хушнависии ЭКО тӯли ду ҳафта- аз 13 то 27 октябри соли равон идома меёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






