ҶОПОН МАКТАБҲОИ ҶИРГАТОЛ, ВАРЗОБ ВА ВАНҶРО БАРҚАРОР МЕКУНАД
Душанбе, 12 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз дар Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи грантӣ роҷеъ ба лоиҳаҳои соҳаи маориф ба маблағи умумии 318,025 доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд. Ба ин санад муовини аввали вазири маорифи ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимов, Сарпарасти Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йошиҳиро Накаяма, Раисони ноҳияҳои Ҷиргатол Аслонбек Абдураҳмонов, Варзоб Ситора Шерова ва муовини Раиси ноҳияи Ванҷ Давлаталӣ Куканов имзо гузоштанд. Лоиҳаҳои мазкур дар доираи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаи амнияти башарӣ барои бахшҳои гуногуни иҷтимоӣ — маориф ва тандурустӣ амалӣ мешавад. Тавассути ин лоиҳаҳо мактаби таҳсилоти умумии №30-и ноҳияи Ҷиргатол бо маблағи 106,058 доллари амрикоӣ, мактаби таҳсилоти умумии №19-и ноҳияи Варзоб бо маблағи 106,305 доллари амрикоӣ ва мактаби таҳсилоти умумии №5-и ноҳияи Ванҷ бо маблағи 105,662 доллари ИМА аз нав барқарор мешаванд. Тибқи иттилои сардори Маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, мактабҳои мазкур бо таҷҳизоти нави таълимӣ таъмин гардида, барои хонандагон шароити хуби таҳсил фароҳам оварда мешаванд. Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 дар бахши маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон 256 лоиҳаи кӯмаки башариро ба маблағи умумии 18, 2 миллион доллари амрикоӣ амалӣ намудааст.