ҶОПОН МАКТАБҲОИ ҶИРГАТОЛ, ВАРЗОБ ВА ВАНҶРО БАРҚАРОР МЕКУНАД

Октябрь 12, 2010 15:29

            Душанбе, 12 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз дар Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи грантӣ роҷеъ ба лоиҳаҳои соҳаи маориф ба маблағи умумии 318,025 доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд. Ба ин санад муовини аввали вазири маорифи ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимов,  Сарпарасти Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йошиҳиро Накаяма, Раисони ноҳияҳои Ҷиргатол Аслонбек Абдураҳмонов,   Варзоб Ситора Шерова ва муовини Раиси ноҳияи Ванҷ Давлаталӣ Куканов имзо гузоштанд. Лоиҳаҳои мазкур дар доираи кӯмакҳои  бебозгашти лоиҳаи амнияти башарӣ барои бахшҳои гуногуни иҷтимоӣ — маориф ва тандурустӣ  амалӣ мешавад.            Тавассути ин лоиҳаҳо мактаби таҳсилоти умумии №30-и ноҳияи Ҷиргатол бо маблағи 106,058 доллари амрикоӣ,  мактаби таҳсилоти умумии №19-и ноҳияи Варзоб бо маблағи 106,305 доллари амрикоӣ ва мактаби таҳсилоти умумии №5-и ноҳияи Ванҷ бо маблағи 105,662 доллари ИМА аз нав барқарор мешаванд. Тибқи иттилои сардори Маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев,   мактабҳои мазкур бо таҷҳизоти нави таълимӣ таъмин гардида, барои  хонандагон шароити хуби таҳсил фароҳам оварда мешаванд.           Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996  дар бахши маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон  256 лоиҳаи кӯмаки башариро ба маблағи умумии 18, 2 миллион доллари амрикоӣ амалӣ намудааст.

Октябрь 12, 2010 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид