18 МЛН. ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗИИ СУҒД
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 7 октябри соли 2010 дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо сафири Британияи Кабир Тревор Мур, роҳбари дафтари Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Тоҷикистон Боб Леверингтон ва сардори Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон Растислав Врбенский баргузор гардид. Раиси вилоят меҳмононро бо вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии вилоят, корҳои созандагиву бунёдкорӣ, иҷрои барномаҳои мухталиф, нақшаву ниятҳои нек, ки ҳадафашон таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ мебошанд, ошно намуд. Меҳмонон аз баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилоят дар 18 шаҳру навоҳии вилоят, ки ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва шаҳрвандон мусоидат мекунад, изҳори ризоият ва ин ташаббусро неку саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Сафири Британияи Кабир Тревор Мур иттилоъ дод, ки бо дастгирии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир, Барномаи Рушди СММ ва Агентӣ оид ба ҳамкории техникии Олмон дар ҳамбастагӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Барномаи таҳкими рушди соҳаи кишоварзӣ амалӣ хоҳад гашт. Ин Барнома барои солҳои 2010-2013 дар назар дошта шуда, баҳри тадбиқи он 18 миллион доллари ИМА ҷудо гардидааст. Ҳадафи асосии барнома беҳтар намудани шароити иқтисодии соҳаи кишоварзии вилояти Суғд буда, 14 ноҳия ва 64 ҷамоати деҳоти вилоятро фарогир хоҳад буд. Раиси вилоят ҳангоми мулоқот таъкид дошт, ки амалӣ гардидани ин барнома ба рушди соҳаи кишоварзӣ, коркарди бештари ашёи хоми маҳаллӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, ҳалли масоили иҷтимоӣ, аз ҷумла таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокӣ мусоидат хоҳад кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






