АФЗОИШИ ХАТСАЙРҲО ДАР ҲАРИМИ ҲАВОӢ
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Корхонаи воҳиди давлатии ширкати ҳавопаймоии (КВДҲ) «Тоҷик Эйр» масъалаи кушодани хатсайрҳо ба кишварҳои Ҳиндустон ва Покистон, аз ҷумла ба самти Душанбе-Деҳлӣ ва Душанбе -Қарочиро баррасӣ намуд. Алимурод Маҳмадалиев-директори генералии КВДҲ «Тоҷик Эйр» дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони ВАО хабар дод. Ӯ, ҳамчунин, гуфт, ки чанде пеш ҷиҳати иҷрои парвозҳои мунтазам ба Арабистони Саудӣ байни мақомоти ҳавопаймоии Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ва Созишнома оид ба равобити ҳавоӣ ба тасвиб расид, ки дар асоси санадҳои мазкур ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» барои парвоз ба шаҳрҳои Ҷидда, Ар-риёд ва Даммам иҷозат гирифт. Роҳбарияти ширкати ҳавопаймоӣ тасмим гирифтааст, ки хатсайрҳои навро ба кишварҳои Белорус, Ҳиндустон, Покистон ва моҳи ноябр парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе-Иркутск-Душанбе ба роҳ монад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






