АЗНАВСОЗИИ РОҲ ВА МУШКИЛОТИ МАРДУМ

Октябрь 11, 2010 13:21

Душанбе, 11октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Бино ба иттилои масъулини Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, аз 1 –уми сентябри соли ҷорӣ  дар шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат аз маҳаллаи «Жилмассив» то «Обшорон»   азнавсозии роҳ оғоз карда шуд.    Боиси зикр аст, ки дар ин масофа хати ҳаракати  троллейбус қатъ гардидааст. Акнун садҳо шаҳрвандони дар маркази шаҳр фаъолият дошта танҳо аз хизмати микроавтобусҳо ва мошинҳои шахсии ба соҳибкорӣ машғул истифода мекунанд. Аммо  мардум  ба хизматрасонии автобусҳои  тамғаи «ЛАЗ», ки бештар одам гирифта метавонад ва ҳамзамон, қиммати чиптаи он нисбатан арзон аст, бештар ниёз доранд. Вале то имрӯз сабаби дар ин хатсайр ҳаракат накардани нақлиёти ҳаҷман калонтар, ки метавонад мушкилоти мардумро осон намояд, ноаён боқӣ мондааст.

Октябрь 11, 2010 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад
«Интернет барои хона» ҳудудҳои навро дар Душанбе фаро мегирад
Дар шаҳри Панҷакент ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд