АЗНАВСОЗИИ РОҲ ВА МУШКИЛОТИ МАРДУМ
Душанбе, 11октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои масъулини Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, аз 1 –уми сентябри соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат аз маҳаллаи «Жилмассив» то «Обшорон» азнавсозии роҳ оғоз карда шуд. Боиси зикр аст, ки дар ин масофа хати ҳаракати троллейбус қатъ гардидааст. Акнун садҳо шаҳрвандони дар маркази шаҳр фаъолият дошта танҳо аз хизмати микроавтобусҳо ва мошинҳои шахсии ба соҳибкорӣ машғул истифода мекунанд. Аммо мардум ба хизматрасонии автобусҳои тамғаи «ЛАЗ», ки бештар одам гирифта метавонад ва ҳамзамон, қиммати чиптаи он нисбатан арзон аст, бештар ниёз доранд. Вале то имрӯз сабаби дар ин хатсайр ҳаракат накардани нақлиёти ҳаҷман калонтар, ки метавонад мушкилоти мардумро осон намояд, ноаён боқӣ мондааст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






