БАҲОИ ҲАҚИҚИРО АЗ СУД ИНТИЗОРАНД
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Мансур Қодиров зимни ҷамъбасти 9 моҳа оид ба рушди иҷтимоӣ — иқтисодии ноҳия иброз намуд, ки вобаста ба таъмини иҷрои Фармони Президенти ҶТ аз 25 –уми июли соли 2010 «Дар бораи ҳифз ва самараноку оқилона истифода намудани заминҳои корами обӣ» чораҳои муайян андешида шудааст. Вобаста ба истифодаи замин дар ноҳия 85 қонуншиканӣ ошкор гардида, нисбат ба 47 нафар қонуншикан дастур ва нисбат ба 78 нафар протокол ва қарорҳои ҷаримабандӣ тартиб дода шуда, ба миқдори 17 ҳазору 915 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст. Ҷиҳати пешгирии сохтмони ғайриқонунӣ ба 423 нафар шаҳрвандон огоҳнома дода шуда, 47 нафар дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 21 ҳазору 420 сомонӣ ҷарима баста шудаанд. Ҳамаи шахсони масъуле, ки дар самти истифодаи замин ба қонуншиканиҳо даст задаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, аз онҳо 7 нафар раиси ҷамоат, 16 нафар хизматчии давлатӣ ва кормандони сохтори меъмории ноҳия аз вазифа сабукдӯш шуданд. То имрӯз дар майдони 90,69 га замин тақсими ғайриқонунии замин ошкор шуда, аз ҷониби Прокуратураи генералӣ ба унвони раиси ноҳия 37 амр ва 19 эътироз ворид гаштааст, ки дар асоси он 46, 89 га замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст. Ҷиҳати ба ҳолати аввала баргардонидани 43,75 га қитъаҳои замин, ки дар онҳо 261 адад манзилҳои истиқоматӣ сохта шуда, мавриди истифода мебошанд, санад ва маводи зарурӣ таҳия гашта, барои додани баҳои ҳуқуқӣ ба суд пешниҳод мешаванд. Акнун тақдири 261 оиларо суд ҳал хоҳад кард, ки онҳо қонунан ҳуқуқи зистро дар манзилҳои сохтаи худ доранд ё хонаҳояшон ба хок яксон гардида, сафи «бомж»-ҳоро меафзоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






