БАҲСРО БОЙ ДОДАНД
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии аҳолӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки барои муайян кардани беморон ва ба онҳо додани гурӯҳи маъюбӣ дар ҷумҳурӣ 17 комиссия амал мекунад, ки аз ин 9 комиссия дар вилояти Суғд ва 8 комиссия дар вилояти Хатлон ба ташхиси беморон машғуланд. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, бемороне, ки ба хулосаи комиссияи экспертии тиббии меҳнат — (ВТЭК) дар шаҳру ноҳияҳо розӣ нестанд, ба Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии аҳолии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамоянд. Боиси тазаккур аст, ки танҳо дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ аз рӯи баҳсҳо оид ба гурӯҳҳои беморӣ 1 ҳазору 169 нафар аз гирифтани гурӯҳи маъюбӣ маҳрум карда шуда, сардорони шӯъбаҳои комиссияҳои экспертии тиббии меҳнат (ВТЭК) –и шаҳру ноҳияҳое, ки ба ин сохтакорӣ роҳ додаанд, сахт огоҳонида шуда чанд нафарашон аз кор сабукдӯш гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






