БАҲСРО БОЙ ДОДАНД

Октябрь 5, 2010 09:48

   Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии аҳолӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки барои муайян кардани беморон ва ба онҳо додани гурӯҳи маъюбӣ дар ҷумҳурӣ 17 комиссия амал мекунад, ки аз ин 9 комиссия дар вилояти Суғд ва 8 комиссия дар вилояти Хатлон ба ташхиси беморон машғуланд.   Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, бемороне, ки ба хулосаи комиссияи экспертии тиббии меҳнат — (ВТЭК) дар шаҳру ноҳияҳо розӣ нестанд, ба Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии аҳолии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамоянд.   Боиси тазаккур аст, ки танҳо дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ аз рӯи баҳсҳо оид ба гурӯҳҳои беморӣ 1 ҳазору 169 нафар аз гирифтани гурӯҳи маъюбӣ маҳрум карда шуда, сардорони шӯъбаҳои комиссияҳои экспертии тиббии меҳнат (ВТЭК) –и шаҳру ноҳияҳое, ки ба ин сохтакорӣ роҳ додаанд, сахт огоҳонида шуда чанд нафарашон аз кор сабукдӯш гардиданд.

Октябрь 5, 2010 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид