БА 75 НАФАР КОРҶЎЁН РОҲХАТ ДОДА ШУД
Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Бахши робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуѓли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои он дар ноҳияҳои И.Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино дар боѓи фароѓатию фарҳангии «Кўли ҷовонон»-и шаҳр дар санаи 8-уми октябри соли 2010-ум ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озодро баргузор намуд. Дар ин ярмарка 26 корхонаю муасисаҳои шаҳри Душанбе иштирок намуда, ба корҷўён 2373 ҷойҳои кории холиро пешниҳод намуданд. Тибқи мувофиқаи қаблӣ бо шабакаҳои телевизионии ТВТ-1, «Ҷаҳоннамо», «Сафина» ва « Баҳористон» гузориши муассисаҳо оид ба баргузории ярмарка ва ташкили ин чорабинӣ, ки барои бо шуѓл фаро гирифтани шаҳрвандони бекор мусоидат мекунад, сабт карда шуданд. Тариқи ВАО муовини сардори Раёсати Агентӣ дар ноҳияи Сино Назаров С. мутахассиси пешбари муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии роҳнамои касбӣ» Исроилов Ш. ва муовини сардори Сарраёсати Агентии шаҳри Душанбе Ҳакимов С. фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуданд. Дар ярмаркаи зикршуда ба 75 нафар корҷўён роҳхат дода шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






