БАРҚИЯИ Э. РАҲМОН БА Қ. БЕРДИМУҲАММАДОВ
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: Мӯҳтарам Қурбонгулӣ Маликгулиевич, Боиси сарфарозӣ ва фараҳмандии ман аст, ки Шумо ва тамоми мардуми туркманро ба муносибати солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Туркманистон самимона шодбош мегӯям. Тӯли солҳои сипаригардида Туркманистони бародар бо роҳбарии Шумо ба дастовардҳои намоён дар соҳаи иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ноил гардида, нуфузу мартабаи он дар минтақа боло рафта, кишвари Шумо узви фаъоли созмонҳои ҷаҳонӣ гардид, ки ин барои таъмини амният ва сулҳу субот хизмат менамояд. Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки мо барои таҳким ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни ду кишвар дар бобати манфиатҳои дуҷонибаи давлатҳоямон, ки шаҳодати муҳими сулҳу субот ва шукуфоии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, тамоми имконият ва кӯшишҳоямонро равона месозем. Иҷозат диҳед, ба Шумо Қурбонгулӣ Маликгулиевичи мӯҳтарам, саломатии бардавом ва барои шукуфоии Туркманистони бародар дастовардҳои назаррас орзу намуда, ба мардуми дӯсти туркман саодати рӯзгор ва сулҳро таманно намоям. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти сардори давлат хабар доданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






