БАРРАСИИ МАСОИЛИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба Минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Фаррух Ҳамралиев, сафири Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Ивар Вики ва аъзои Шӯрои ҳамоҳангсоз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалию донорҳо ширкат варзиданд. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ф.Ҳамралиев дар бораи дастовардҳои пас аз ҷаласаи аввали Шӯрои ҳамоҳангсозӣ маълумот дода, мақсад ва вазифаҳои ҷаласаи мазкурро шарҳ дод. Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои марбут ба МОИ Тоҷикистон, бахусус рафти татбиқи Барномаи (Матритсаи) чорабиниҳои Маъмурияти МОИ «Суғд» дар солҳои 2010-2011, Барномаи тадбирҳои рушди МОИ «Панҷ» барои солҳои 2010-2011 ва дурнамои фаъолияти МОИ «Ишкошим» ва вазифаю масоили дар ин самт мавҷудбуда муҳокима ва баррасӣ гардид. Ҳамчунин, дар маҷлиси Шӯро роҷеъ ба имкониятҳои ташкили Маркази ягонаи хизматрасонии субъектҳои Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, озодкунии савдо ва ислоҳоти гумрукӣ, консепсияи ташкили маркази логистикӣ дар водии Фарғона ва амсоли инҳо табодули назар карда шуд. Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи дуюми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд қарорҳои дахлдор қабул гардиданд, ки ҷиҳати фаъолгардонии МОИ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳанд намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






