БОЗДИДИ ҶАВОНОНИ ТОҶИК АЗ АМРИКО
Душанбе, 6 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар доираи барномаи амрикоии «Ҷаҳони боз» мутахассисони бахши идораи таҳсилоти миёна, идораи таълимоти касбӣ, кормандони бахши ҷавонон ва иштироки шаҳрвандии Тоҷикистон аз Амрико баргаштанд. Онҳо муддати ду ҳафта дар шаҳрҳои Боулдер, Колорадо, Восоу Висконсин, Линколн, Росчестер ва Ню-Йорк бо ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Амрико ошно гардида, таҷрибаи ҳамкасбони амрикоии худро омӯхтанд. Зимни бозгашт ба Тоҷикистон ҳайати мутахассисони тоҷик дар нишасти хабарӣ ба намояндагони васоити ахбори омма таассуроти худро доир ба Амрико баён карда, иброз доштанд, ки Амрико яке аз кишварҳои пешрафта ва мутараққии дунё буда, бо ҷомеаи мардумсолории худ дар аксари соҳаҳо ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст. Бахусус, дастовардҳои ин кишвар дар бахши маориф, илму фарҳанг ва техника хеле назаррас аст. Мутахассисони тоҷик дар зарфи 10 рӯз дар оилаҳои амрикоиҳо зиндагӣ карда, бо анъана ва суннатҳои мардуми ин кишвар ошно гардиданд. Инчунин, онҳо ба амрикоиҳо таъриху анъана ва фарҳанги мардуми тоҷикро муаррифӣ карданд. Иштирокчиёни барномаи мазкур зимни ибрози назар афзуданд, ки метавон баъзе аз афзалият ва пешрафтҳои ҷомеаи Амрикоро дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор дод. Назар ба иттилои ҳамоҳангсози Барномаи «Ҷаҳони боз» Анора Акбарова барномаи мазкур ягона барномаи мубодилавӣ буда, дар дохили шохаи қонунгузории ҳокимияти Амрико аст. Он аз ҷониби Конгресси Амрико маблағгузорӣ мегардад. Барномаи «Ҷаҳони боз» аз соли 2007 инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар доираи он ҳудуди 140 нафар мутахассисони тоҷик аз Амрико боздид намуда, таҷриба андӯхтаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






