БОЗГАШТИ ҲИСОР БА ЭҲЁИ НОМҲОИ ТАЪРИХӢ

Октябрь 20, 2010 14:18

       Душанбе, 20 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«То ҷашни 20 –умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 52 деҳа  ва 4 ҷамоат дар ноҳияи Ҳисор табдили ном мекунанд», гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Раиси ноҳияи Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Баҳриддин Солеҳов.             Мавсуф афзуд, ки иваз кардани номи ҷамоату деҳаҳо эҳёи номҳои қадимаю таърихӣ, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», пос доштани муқаддасоти миллию фарҳангӣ ва арҷ гузоштан ба шахсиятҳои барҷастаи миллию таърихии сарзаминамон мебошанд, ки дар рушди давлатдории тоҷикон саҳми босазо гузоштаанд.       Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Ҳисор чун дар дигар ноҳияҳои кишвар бо гузашти 20 соли  Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон то ҳанӯз номҳои баъзе шаҳраку деҳаҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин ба номҳои тоҷикию таърихӣ табдил нагардида, бо истилоҳоти даврони Шӯравии собиқ ва ғайри тоҷикӣ ифода мегарданд.  

Октябрь 20, 2010 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд