«ЧАКОМАИ ГЕСӮ» БА ДАВРИ НИҲОӢ РАСИД
Душанбе , 25 октябр . ( АМИТ «Ховар» , Сангзода Муслиҳиддин) . — Имрӯз нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид . Нишасти матбуотиро Сумангул Тағоева- раиси Кумитаи мазкур ифтитоҳ намуда , зикр намуд , ки дар давоми се моҳи соли равон ба Кумита 73 аризаи хаттӣ ва 128 муроҷиати шифоҳии шахрвандон ворид гардидааст. Дар нишаст зикр гардид , ки бо мақсади амалӣ гардидани Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» шумораи заноне , ки дар мансабҳои гуногуни давлатӣ фаъолият доранд , ба 4793 адад расидааст . Роҳбарони Кумита бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ бо мақсади баланд бардоштани маърифати худогоҳиву хештаншиносӣ , пос доштани арзишҳои миллӣ , густариши фарҳанги тоҷикон ва нигоҳ доштани тарзи дӯхтан ва пӯшиши либоси миллӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ»-ро баргузор намуда истодааст , ки айни замон давраи дуюми Фестивал ба анҷом расида , омодагӣ ба даври ниҳоии он ҷараён дорад Дар нишаст, ҳамчунин зикр гардид, ки бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатии ҶТ вохӯрӣ бо 100 нафар донишҷӯдухтарони Маркази таълимии «Чароғи Ҳидоят» бо ширкати намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ, шоираҳо ва адибону олимон доир гардид .








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






