ФАСОД ВА ЗАРАРИ МОЛИЯВИИ ОН

Октябрь 26, 2010 15:24

  Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева)- Дар рафти тафтишоти молиявӣ дар фаъолияти вазорату кумитаҳо ва сохторҳои тобеи онҳо низ камбудию норасоиҳои ҷиддӣ ошкор карда шуд. Аз ҷумла, дар 38 сохтори тобеи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ 7,3 миллион сомонӣ  зарари молиявӣ ошкор карда шуд. Дар корхонаи воҳиди давлатии «Востокредмет» ва «Заря Восток»-и вилояти Суғд тафтиш зарари молиявиро ба маблағи зиёда аз 3 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ошкор намуд, ки дар рафти тафтиш 1 миллиону 545 ҳазор сомони он барқарор шуд, чунин ибрози назар намуд ба хабарнигорони васоити ахбори омма, имрӯз директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов.                 Тафтиш, инчунин, дар сохторҳои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҶТ камбудиҳои ҷиддиро ошкор намуд.             Чунончи дар Корхонаи воҳиди давлатии «Хуҷандобуканал»-и вазорати номбурда тафтиш зарари молиявиро ба маблағи  3121,ҳазор сомонӣ муайян намуд. Аз ин маблағ дар рафти тафтиш 253 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд.             Ӯ, ҳамчунин, қайд кард, ки натиҷаи тафтишу санҷишҳои молиявӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва корхонаву муассисаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, муҳокимаи пешниҳоди ирсолгардида бо иштироки кормандони Агентӣ сурат гирифт. Дар натиҷа нисбат ба 1085 нафар шахсони масъул барои камбудиҳои содиркардаашон муҷозоти интизомӣ ва моддӣ татбиқ шуда, 46 нафари онҳо аз вазифаашон озод шудаанд, гуфт дар хотима Ф.Саидов.

Октябрь 26, 2010 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд