ФАСОД ВА ЗАРАРИ МОЛИЯВИИ ОН
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева)- Дар рафти тафтишоти молиявӣ дар фаъолияти вазорату кумитаҳо ва сохторҳои тобеи онҳо низ камбудию норасоиҳои ҷиддӣ ошкор карда шуд. Аз ҷумла, дар 38 сохтори тобеи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ 7,3 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуд. Дар корхонаи воҳиди давлатии «Востокредмет» ва «Заря Восток»-и вилояти Суғд тафтиш зарари молиявиро ба маблағи зиёда аз 3 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ошкор намуд, ки дар рафти тафтиш 1 миллиону 545 ҳазор сомони он барқарор шуд, чунин ибрози назар намуд ба хабарнигорони васоити ахбори омма, имрӯз директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов. Тафтиш, инчунин, дар сохторҳои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҶТ камбудиҳои ҷиддиро ошкор намуд. Чунончи дар Корхонаи воҳиди давлатии «Хуҷандобуканал»-и вазорати номбурда тафтиш зарари молиявиро ба маблағи 3121,ҳазор сомонӣ муайян намуд. Аз ин маблағ дар рафти тафтиш 253 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд. Ӯ, ҳамчунин, қайд кард, ки натиҷаи тафтишу санҷишҳои молиявӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва корхонаву муассисаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, муҳокимаи пешниҳоди ирсолгардида бо иштироки кормандони Агентӣ сурат гирифт. Дар натиҷа нисбат ба 1085 нафар шахсони масъул барои камбудиҳои содиркардаашон муҷозоти интизомӣ ва моддӣ татбиқ шуда, 46 нафари онҳо аз вазифаашон озод шудаанд, гуфт дар хотима Ф.Саидов.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






