ГЕРОИН ДАР МЕЪДА
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Адибаи Азиз).-5 октябри соли равон кормандони гумруки фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайри рақами 631 самти Душанбе-Маскав шаҳрванди ҶТ Мирзоева Шаҳноза (соли таваллудаш 1992)-ро дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар тавассути сарҳади гумрукӣ гумонбар дониста, аз парвоз боздоштанд. Дар ин бора аз шӯъбаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд. Зимни муоина аз меъдаи гумонбаршуда 28 адад ғалтакчаҳои селофании худсози ба маводи героин монанд гирифта шуд. Мувофиқи хулосаи коршиносон маводи нашъаовари дарёфтшуда героин буда, вазни холиси он 110,9 граммро ташкил медиҳад. Нисбат ба шаҳрванд Шаҳноза Мирзоева парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, ба Прокуратураи нақлиётии ҶТ барои гузаронидани тафтиши пешакӣ фиристода шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






