ХАТСАЙРИ ИЛОВАГӢ АЗ ҚУРҒОНТЕППА БА МАСКАВ

Октябрь 21, 2010 09:13

Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Мавзуна Бойева) – Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» 3 хатсайри иловагии доимиро ба хатсайри Қурғонтеппа-Маскав-Қурғонтеппа ворид менамояд. Ҳамин тавр, шурӯъ аз 2 ноябр парвози ҳавопаймо аз вилояти Хатлон ба пойтахти Федератсияи Русия шаҳри Маскав дар як ҳафта се маротиба рӯзҳои душанбе, панҷшанбе ва шанбе сурат мегирад. Ёдовар мешавем, ки хатсайри доимӣ аз Қурғонтеппа ба Маскавро ширкати ҳавопаймоӣ дар охири соли 2008 кушода буд ва моҳи сентябри соли ҷорӣ ба он дуюмин хатсайри иловагӣ дохил карда шуд. 

Октябрь 21, 2010 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш