ХУШНАВИСОН ДАР ОСОРХОНАИ БЕҲЗОД ҶАМЪ МЕОЯНД
Душанбе, 11 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нахустин намоишгоҳи осори хаттотони эронӣ 12 октябр дар осорхонаи Беҳзоди Душанбе оғоз меёбад. Намоишгоҳи мазкур бо ибтикори муассисаи фарҳангии ЭКО ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон созмон дода шудааст. Назар ба иттилои масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Ҳусайн Ширхонӣ, ҳадафи намоишгоҳ муаррифии ҳунари хушнависони эронӣ дар Тоҷикистон ва тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангии ҳар ду кишвар аст. Дар намоишоҳ осори ҳунари беҳтарин хаттотони эронӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад. Ҳ. Ширхонӣ афзуд, ки ҳунари хаттотӣ дар Эрон таърихи қадимаи беш аз 500 сола дошта, хеле маъмул ва ташаккулёфта аст. Ин аст, ки дар Эрон Анҷумани хушнависон созмон дода шудааст. Дар назар аст, ки дар намоишгоҳ раиси Анҷумани мазкур Амирхонӣ ва устодони шинохтаи ҳунари хушнависии Эрон ба мисли Ҳайдарӣ ва Кобулӣ ширкат менамоянд. Қабл аз оғози намоишгоҳ дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ бо иштироки сафирони кишварҳои узви ЭКО нишаст баргузор хоҳад шуд. Намоишгоҳ тӯли ду ҳафта идома меёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






