ИППОДРОМ НАВРӮЗГОҲИ ДУШАНБЕ МЕШАВАД
Душанбе, 12 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- То Наврӯзи соли 2011 Ипподроми шаҳри Душанбе ба Наврӯзгоҳи шаҳрӣ табдил дода мешавад. Марҳилаи дуюми сохтмон ва таҷдиди он аз ҷониби пудратчӣ- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хонасоз-4» ба маблағи беш аз 14 миллиону 186 ҳазор сомонӣ то ҷашни Наврӯзи соли оянда ба анҷом расонида мешавад. Ҳамзамон, то охири соли равон мактаби мусиқии бачагонаи №5-и идораи фарҳанги шаҳри Душанбе аз тарафи пудратчӣ ҶДММ «Ободии ҷамъият» дар ҳаҷми 219840 сомонӣ таъмиру таҷдид мегардад. Мавриди зикр аст, ки таъмиру таҷдиди иншооти мазкур армуғони хубест ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба сокинони пойтахт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






