ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ҲНИТ ДАР ИНТИХОБОТИ КИШВАРИ ҲАМСОЯ
Душанбе, 1 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Маҳмудов ҳамчун нозир дар ҷараёни баргузории интихоботи парлумонӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки ҳамзамон Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Асомиддин Саидов, ҷараёни баргузории ин маъракаи муҳими сиёсиро дар кишвари ҳамсоя мушоҳида менамояд. Намояндагони Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии Қирғизистон дар ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ширкат меварзанд. Санаи интихоботи парлумонии Қирғизистон 10 октябр муайян шудааст. Парлумони Қирғизистон- Жогорку Кенеш аз як палата иборат буда, дар он 120 вакил тариқи раъйдиҳӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






