КӮМАК БА ОИЛАҲОИ ҲАЛОКШУДАГОН ДАР ХУҶАНДУ КАМАРОБ
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тибқи қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба оилаҳои шаҳрвандони вилоят, ки дар вақти иҷрои вазифаи хизматӣ санаҳои 3 сентябр дар шаҳри Хуҷанд ва 19 сентябр дар дараи Камароби ноҳияи Рашт ба ҳалокат расидаанд, кӯмаки яквақтаи моддӣ ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ расонида шуд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии раиси вилоят 24 ҳазору 120 сомонӣ ҷудо гардид. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ санаи 3 сентябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд дар натиҷаи ҳамла ба бинои маъмурии шӯъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Раёсати корҳои дохилии вилоят 3 нафар ва санаи 19 сентябр дар дараи Камароби ноҳияи Рашт дар натиҷаи ҳамлаи қатори мошинҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 нафар сарбозону афсарон аз вилояти Суғд ба ҳалокат расиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






