КОНФРОНСИ ЗАБОН ДАР САРИДОРАИ ГЕОЛОГИЯ

Октябрь 4, 2010 17:39

Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Имрӯз дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конфронси илмӣ таҳти унвони «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коргузорӣ дар соҳаи геология» баргузор гардид.             Дар конфронс сардори  Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ Азим Иброҳим ва мудири шӯъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Ҷ. Мансуров оид ба мавқеи забони давлатӣ, мавзӯъҳои муҳимтарини он  маърӯза карданд. Суханронии  шахсони мазкур, хусусан, дар мавзӯъҳои ҳалталаби имрӯзаи забони давлатӣ мавриди баҳсу андешаҳои кормандони соҳаи геология ва иштирокчиёни ҳамоиш қарор гирифт.             Дар охир иштирокчиёни конфронси илмӣ ба саволҳои хеш нисбат ба Қонуни забони давлатӣ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд

Октябрь 4, 2010 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд