МАРДУМ ОБ ЗАХИРА НАМОЕД!

Октябрь 13, 2010 11:51

         Душанбе, 13 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Интиқоли оби нӯшокӣ ба сокинони пойтахт  аз истгоҳҳои обтаъминкунии «Кофарниҳон»,  «Худҷореъ», «Фишорӣ» ва «Ҷануби Ғарбӣ»  бо мақсади омода намудани  истгоҳҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011 ба муддати як шабонарӯз қатъ мегардад.       Аз ҷумла, интиқоли оби нӯшокӣ  аз истгоҳи обтозакунии    «Кофарниҳон», ноҳияи Фирдавсӣ: маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупская 1,2, шаҳракҳои 61, 63, 64, 65,  кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик, Чайковский, ноҳияи Шоҳмансур: кӯчаҳои Титов, Фучик, Коргар, Зафар, Гостелло, Улуғбек, У. Зоконӣ, Нестеров, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ аз бинои роҳи оҳан то Меҳмонхонаи  «Пойтахт» ва қисман кӯчаи Айнӣ то гардиши фурудгоҳ, шаҳракҳои 191, 192, Бинокорон ва маҳаллаи аҳолинишини комбинати коркарди чӯб (ДОК) — аз соати 22-00  рӯзи 13 октябри  соли 2010 то соати 24-00 рӯзи 14 октябри  соли 2010 қатъ мегардад.       Аз истгоҳи «Худҷореъ», ноҳияи Сомонӣ: маҳаллаҳои Чашмасор, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Телман, Анзоб, Гулистон, Зайнаббибӣ ва Сари-Осиё, кӯчаҳои Пролетар, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, Қаҳҳоров, Рӯдакӣ аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи Самад Ғанӣ, инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ,  ноҳияи Шоҳмансур:- маҳаллаҳои Чехов, Қурғон, Хорӯғ, Помир ва Баҳорӣ, кӯчаҳои Дӯстии Халқҳо, А. Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Мичурин, академикҳо Раҷабовҳо ва Айнӣ аз хонаи 1то 77. Ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Калинин, Меҳробод, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, буни Ҳисорак, Қазоқон, Қарамиршикор ва Муҳандис, шаҳракҳои 82,91,92,101,102,112, Испечак 1,2 ва Зарафшон 1,2, ноҳияи Фирдавсӣ:  кӯчаи Қаҳҳоров, маҳаллаи Дарвоз, шаҳракҳои 41, 42, 43, 44, 45, 46 ва Маркази истеҳсоли  барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе аз соати 22:00 рӯзи 18 октябри соли 2010 то соати 24:00 рӯзи 19 октябри 2010  қатъ мешавад   Дар истгоҳи «Фишорӣ» бошад, ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ, Варзишгоҳи марказӣ. ноҳияи И.Сомонӣ: кӯчаҳои Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаҳои Самад Ғанӣ, М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, Рӯдакӣ, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, И.Сомонӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Л.Толстой, Парвин, Пушкин, Теҳрон аз соати 22:00 рӯзи 26-октябри  соли 2010 то соати 24:00 рӯзи 27-октябри  соли 2010 қатъ мегардад.  Шаҳракҳои 52, 53, 43, 65, 44, 24, 25 ва  кӯчаҳои Борбад, Фирдавсӣ, Н. Қарабоев ноҳияи Фирдавсӣ ва шаҳракҳои 31, 32, 33, 34, 35, 82, 83, 84, 103, 104,  кӯчаҳои Нахимов, Миралӣ, Ю.Вафо, Котовский, Сулаймонӣ, Тургенев, Р. Набиев, маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Ҳаёти Нав, Конститутсияи ноҳияи Сино, ки аз истгоҳи обтозакунии  «Ҷануби Ғарбӣ» бо об таъмин мешаванд,  аз соати 22:00 рӯзи 2-ноябри соли 2010 то соати 24:00 рӯзи 3-ноябри соли 2010 интиқоли об қатъ мегардад.  Аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори   лозимаи оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.  Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев раисони чор ноҳияи пойтахт  ва сардори КВД «Обу корези Душанбе» вазифадор гардидаанд, ки дар рӯзҳои қатъи интиқоли оби нӯшокӣ  бо мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.       

Октябрь 13, 2010 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд