МАШВАРАТИ КОРӢ ДАР ҲУЗУРИ ПРЕЗИДЕНТ

Октябрь 15, 2010 15:12

Душанбе, 15 октябр. (АИМТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  машварати корӣ доир намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи онҳоро  оид ба нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар 9 моҳи соли равон ва рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 доир ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими зимистони солҳои 2010-2011 шунида, дар назди онҳо доир  ба вусъат додани корҳо ва бартараф сохтани камбудиҳои мавҷуда вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҳисоботи раисони шаҳру ноҳияҳо бармеояд, ки нақшаҳои тасдиқшуда оид ба афзоиши маҷмўи маҳсулоти маҳаллӣ, ҷамъоварии пардохтҳо ба буҷети давлатӣ ва корҳои созандагию ободонӣ муташаккилона идома доранд. ҷамъоварии ғалладонагиҳо ба поён расида, ғундучини картошкаю меваҷот, ки ҳосили фаровон доранд, ҳанўз анҷом наёфтааст. Чунонки аз ҳисоботҳо маълум шуд, дар самти омодагӣ ба зимистон низ шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияҳои водии Рашт омодагии хуб гирифтаанд. Ба қадри зарурӣ ангишту дигар маводи сўхт дар муассисаҳои маорифу тандурустӣ захира шуда, нуқтаҳои доимӣ ва сайёри фурўши ангишт ва гази моеъ низ фаъол мебошанд. Роҳбарони шаҳру ноҳияҳои пахтакор аз ҳосили фаровони пахта ва зироатҳои кишти такрорӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки нақшаҳои муайяншуда бояд барзиёд иҷро шаванд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва роҳбарони сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ оид ба таъмини рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ин минтақаҳо, ривоҷ додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонии маҳалҳои аҳолинишин ва тарбияи насли ҷавон дар рўҳияи худшиносию худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдории миллии тоҷикон вазифаҳои мушаххас гузошт. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ риояи ҳатмии қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, аз ҷумла иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро қатъиян талаб намуд.

Октябрь 15, 2010 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд