МИНЕРАЛНОКИИ ОБҲО БАЛАНД АСТ

Октябрь 14, 2010 11:09

      Душанбе, 14 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Ҳарчанд Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди оби нӯшокӣ  бошад ҳам, 50 дар сади обе, ки барои таъмини аҳолӣ истифода мегардад,  минералнокии баланд дорад», таъкид кард зимни баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Амиршо Миралиев дар иҷлосияи дуюми палатаи поёнии парлумони мамлакат.        Мавсуф изҳор дошт, ки  системаи  мутамаркази  обтаъминкунӣ барои 58, 1 % аҳолӣ, бахусус дар шаҳр ва шаҳракҳо барои 95,3 %  ва дар деҳот  барои 44, 2 % аҳолӣ  дастрас буда,   меъёрҳои муқарраргардидаи  талаботи  санитарию гигиенӣ на ҳама вақт мутобиқат мекунанд.       Ҳамзамон, А. Миралиев афзуд, ки ҷиҳати ноил шудан ба пешрафти ин соҳа  Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардидааст.

Октябрь 14, 2010 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш