МУҲАММАД РОСИЙД БА ДУШАНБЕ МЕОЯД
Душанбе, 8 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Индонезия таҳти роҳбарии Муҳаммад Росийд Ҳидоят 11-14 октябри соли равон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан менамояд. Интизор меравад, ки раҳбари ҳайати парлумонии Индонезия зимни сафараш ба Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот намуда, масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистону Индонезияро баррасӣ менамоянд. Ҳамзамон, Муҳаммад Росийд Ҳидоят бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, масъулини Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ва корхонаи «ТалКо» мулоқот хоҳад кард. Тибқи иттилои котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат Муҳаммадато Султонов ҳадафи сафари ҳайати парлумонии Индонезия ба Тоҷикистон тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди парлумонӣ байни ҳар ду кишвар аст. Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия 27 августи соли 1994 барқарор шуда, маҷмӯи санадҳои муҳими байнидавлатӣ дар бахшҳои гуногун байни ҳар ду кишвар ба тасвиб расидаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






