МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО НИК ТЕССИМАН
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мудири Раёсати кор бо муассисаҳои молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ник Тессиманро ба ҳузур пазируфт. Зимни сўҳбат бо қаноатмандӣ аз ҳамкории судманд зикр гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 44 лоиҳа бо сармояи умумии 100 миллион евро амалӣ мешаванд ва 10 лоиҳаи дигар бо 70 миллион евро дар ҳоли таҳияшавӣ қарор доранд. Аз фаъолияти Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар кишвар ва дастгириҳои молиявию ҳуқуқии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ин ва дигар самтҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таваҷҷўҳи зиёд ба роҳҳои густариши ҳамкории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бо бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла баҳри боло бурдани имконоти қарздиҳии онҳо ба аҳолӣ ва соҳибкорони кишвар, зоҳир карда шуд. Ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон ба мисли кишоварзӣ, энергетика, саноат ва нақлиёту коммуникатсия аз роҳҳои ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкории кишвар бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд арзёбӣ гардид. Таъкид карда шуд, ки ба роҳ мондани ҳамкорӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои саноатии коркарди нахи пахта, меваю сабзавот, сохтмони иншооти энергетикӣ, роҳҳои оҳану мошингард ва дигар инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ ба манфиати ҳарду ҷониб ва рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Ҳарду ҷониб ҳавасмандии афзояндаи худро ба густариши ҳамкории судманд таъкид намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






