МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО ПИТЕР ДЕ КРЕМ

Октябрь 16, 2010 11:48

Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Вазири мудофиаи Белгия Питер де Кремро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Белгия ва авзои минтақа баррасӣ шуд. Бо қаноатмандӣ аз сатҳи муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Белгия таваҷҷўҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи босамари натиҷаҳои сафари расмии порсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Белгия ва густариши муносибатҳои гуногунҷанба зоҳир гардид. Таъкид карда шуд, ки ҳарду ҷониб ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ ва поксозии ҳудуду марзҳои Тоҷикистонро аз мина ва дигар маводи тарканда густариш хоҳанд дод. Изҳори боварӣ карда шуд, ки робитаҳо миёни сохторҳои дифоию амниятии ду кишвар низ густариш ёфта, ба таҳкими оромию субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо фарогирии Афғонистон мусоидати фаъол менамоянд.  Дар робита ба авзои Афғонистон иқдомҳои ахири ҳукумати ин кишвар дар бобати ҷустуҷўи роҳҳои сиёсии ҳалли қазия, бахусус таъсиси Шўрои сулҳ бамаврид арзёбӣ гардид. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “зарур аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдории ҳамаҷиҳатаи худро ба чунин тадбирҳои судбахши ҳукумати Афғонистон бараъло намоиш диҳад, зеро бе дастгирии ҳамаи мо ноил шудан ба коҳиши хатар аз ин кишвар амри муҳол аст”. Питер де Крем ба Эмомалӣ Раҳмон барои мусоидати фаъоли Тоҷикистон ба нерўҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон арзи сипос намуд. Зимни баррасии роҳҳои бартарафсозии мушкилоти сунъии дар роҳи ҳамкории минтақавии Осиёи Марказӣ эҷодгашта  Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ намуд, ки Белгия чун кишвари соҳибнуфуз дар арсаи ҷаҳонӣ ва ба хусус бо имконоти раёсати худ дар Иттиҳоди Аврупо барои рафъи ин ҳолатҳои номатлуб саҳми намоён мегузорад. Ҳарду ҷониб омодагии устувори худро доир ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд, пеш аз ҳама дар самти муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 16, 2010 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд