МУТАХАССИСОНИ МАХСУСИ ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ
Душанбе, 4 октябрь. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева) — Интиқоли борҳои хавфнок тариқи нақлиёт иҷозати махсус, омодагии ҷиддӣ ва масъулияти баланд зиёдро тақозо менамояд. Тариқи нақлиёти ҳавоӣ интиқоли борҳои хавфнок дар асоси нишондоди ташкилоти байналхалқии авиатсионӣ ИКАО амалӣ шуда, ба кори он мутахассисони дорои тахассуси соҳа ва таълимдида роҳ дода мешаванд. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе яке аз фурудгоҳҳои транзитиии Осиёи марказӣ аст, ки метавонад борҳои ба дараҷаи хавфнок мансуб доштаро қабул ва гусел намояд. Барои иҷозати бо чунин намуди бор сару кор гирифтан аз 20 то 27 сентябри соли ҷорӣ чаҳор нафар кормандони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар Донишгоҳи давлатии авиатсияи граждании Санкт Петербург дар мавзўи «Интиқоли борҳои хавфнок дар нақлиёти ҳавоӣ» аз рўи барномаи таълимии барои муаллимон омодашуда таҳсил карданд. Хатми курсҳои кўтоҳмуддат дараҷаи тахассусии кормандонро баланд карда, иҷоза медиҳад, ки дар оянда мутахассисони дараҷаи зарурӣ дар худи фурудгоҳ тайёр карда шаванд. Аз рўи барномаи таълимӣ ба хатмкунандагон шаҳодатномаи тахассусӣ дода шуда, вобаста ба намуд ва дараҷаи бори хавфноки интиқолшаванда иҷозаи таълим ва омода намудани мутахассисон дода шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






