НАҚША 30, ИҶРО 32 МИЛЛИОН
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ даромади буҷети маҳаллиро дар 9 моҳи соли ҷорӣ 30 млн. 436 ҳазору 777 сомонӣ пешбинӣ намуда бошад ҳам, аммо дар натиҷаи фаъолияти хуби кормандони нозироти андози ноҳия иҷрои буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби саривақт ҷамъоварӣ шудани ҳамаи намуди андозҳо ба 32 млн. 425 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 6561 сомонӣ зиёд аст. Дар ин давра андози даромад аз шахсони воқеӣ 12,5 фоиз, андоз аз арзиши иловашуда -15,2, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард- 6,6, андоз аз фурӯши чакана- 24,4 ва дигар андозу даромадҳо 47,2 фоизи ҳиссаи иҷрои қисми таркибии андозҳоро нисбат ба ҳаҷми умумии даромади буҷет ташкил намуда, иҷрои андози 9 моҳа ба пуррагӣ таъмин гардид,-иброз дошт раиси ноҳия Қодир Мансуров.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






