НАҚШИ БЕЛГИЯ ДАР СИЁСАТИ ТОҶИКИСТОН

Октябрь 29, 2010 11:45

Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  28 октябри соли ҷорӣ Ҳамрохон Зарифӣ-Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Даниэл Бертран-Сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Белгия, амнияти минтақавӣ, вазъияти Афғонистон, нақшаю барномаҳои густариши ҳамкориҳои минтақавӣ, идораи захираҳои гидроэнергетикӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҳамрохон Зарифӣ аҳамияти бузурги сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Мамлакати Белгия (9-12 феврали соли 2009) таъкид намуда, сатҳи муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакати Белгияро аъло арзёбӣ намуд. Зарурати бозсозии иқтисодии Афғонистон аз тариқи амалӣ сохтани лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ дошта, аз ҷумла сохтмони роҳҳои оҳан ва автомобилгард, бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои интиқоли барқ таъкид гардид. Даниэл Бертран сатҳи муносибатҳои дуҷонибаро баланд арзёбӣ намуда, зикр дошт, ки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба мубориза бар зидди терроризм дастгирӣ мекунад ва баҳри густариши муносибатҳои миёни ду кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Департаменти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд.  

Октябрь 29, 2010 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд