НАҚШИ «КАРИТАC» ДАР ҲАЁТИ МАРДУМ
Мӯъминобод, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар доираи муносибатҳои ҳасанаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соири давлатҳои ғарбу шарқ роҳбарияти ноҳияи Мӯъминобод ҳамкориро бо ташкилотҳои гуногуни байналхалқӣ хуб ба роҳ монда, аксари деҳаҳоро бо оби нӯшокӣ, хатти барқ ва техникаи хоҷагии қишлоқ таъмин намудаанд. Дар ҳамин замина ташкилоти «Каритас»-и Швейтсария тӯли даҳ соли фаъолият дар ноҳия дар беҳбудии сохтори деҳот, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва техника, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҷалби бештари занон ба шуғли доимӣ саҳм гузоштааст. Дар ҷамъбасти фаъолияти даҳсолаи ин ташкилот дар ноҳияи Мӯъминобод роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалии ноҳия, аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ, асотсиатсияҳои истифодабарандагони об иштирок намуданд. Зимни ин ҷамъомад зикр гардид, ки сохторҳои дар ин давра созмондодашуда минбаъд низ фаъолияти худро мустақилона идома дода, барои беҳтар гардидани шароити зисти аҳолӣ мекӯшанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






