НАРХИ НАВЗОД 400 ДОЛЛАР
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 11 октябри соли ҷорӣ кормандони ШКД ноҳияи Ваҳдат шаҳрванд Бобоева Мария Раҳматуллоевна соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Нӯъмон Розиқ, к. Чашма11-ро дастгир намуданд, ки номбурда 26 сентябри соли 2010 тифли навзоди ҷинсаш мардро бо маслиҳати пешакӣ бо модараш Хоҷаева Шарифа Саъдуллоевна, соли таваллудаш 1963, истиқоматкунандаи ноҳияи мазкур ба шаҳрванд Забирова Гулсара Маҳмадаминовна, соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Дустӣ бар ивази 400 доллари ИМА фурўхтааст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Дар ин бора Маҳмадулло Асадуллоев-сардори маркази матбуоти ВКД ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






