ПАХТА 201 ҲАЗОР ТОННА ШУД
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар». Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ аз аввали мавсими пахтачинӣ дар ҷумҳурӣ 201 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки он ба 67 фоизи нақшаи солонаи ҷамъоварии пахта баробар аст. Ҷамъоварии пахта то рафт босуръат пеш меравад. Ба иттилои ҳамин манбаъ, дар як рӯз бо кӯмаки чинакчиёни саҳмдор ва ёрдамчиён беш аз 7 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда мешавад. Ин аст,ки тавассути заҳмати ҳаррӯзаи чинакчиён беш аз 2 фоиз пахта чида шуда, ба хирмани «Ҳосил — 2010» зам мешавад. Боис ба ёдоварист, ки соли ҷорӣ дурнамои истеҳсоли пахта ба миқдори 300 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст. Агар пахтачинӣ бо чунин суръат пеш равад, барои иҷрои нақша 16 рӯзи зарбдор басанда аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






