ПАРЧАМИ РАМЗИИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Аз 3 то 9 октябри соли равон дар шаҳри Париж Симпозиуми чоруми байналмилалии «Мактабҳои олии фарҳанг ва санъат дар фазои таълимӣ: гуногуншаклии фарҳанги ҷаҳонӣ баҳри гуфтугӯ ва рушд» баргузор гардид, ки дар он муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Фароғат Азизӣ ва сардори шӯъбаи илм ва муасиссаҳои таълимии Вазорати фарҳанг Хуршед Низомов иштирок намуданд. Дар кори Симпозиум муовини Вазири фарҳанг Фароғат Азизӣ бо маърӯзаи «Моҳияти методикаи анъанавии таҳсилоти бадеӣ дар мактабҳои олии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон» баромад намуда, ҳамчунин, номаи шодбошии Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрориро ба иштирокчиёни симпозиум қироат намуд. Тибқи Қарори Кумитаи тадорукот, Симпозиуми панҷуми байналмилалии мактабҳои олии фарҳанг ва санъат соли 2011 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Парчами рамзии мактабҳои олии фарҳанг ва санъат ва эътимоднома ба унвони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва муовини Вазири фарҳанг Фароғат Азизӣ супорида шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






