ПРОКУРОРҲОИ ТОҶИК ДАР ОН СӮИ УҚЁНУС ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА МЕКУНАНД

Октябрь 21, 2010 09:55

       Душанбе, 21 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 21 октябр ҳайати намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қонунияти Тоҷикистон, иборат аз прокурорҳо  ва  судяҳо ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар карданд.        Сафари намояндагони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба Амрико дар доираи Барномаи «Ҷаҳони боз», ки аз сӯи Конгресси ин кишвар маблағгузорӣ мешавад, сурат мегирад.      Назар ба иттилои ҳамоҳангсози барномаи «Ҷаҳони боз» дар Тоҷикистон Анора Акбарова, прокурорҳо ва судяҳои тоҷик муддати 10 рӯз дар иёлоти Невадаи Амрико бо фаъолияти ҳамтоёни амрикоии худ ва вазъи қонуният дар ин кишвар шинос гардида, табодули таҷриба менамоянд.  

Октябрь 21, 2010 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш