РОБИТАҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН ТАҲКИМ МЕЁБАНД

Октябрь 19, 2010 16:13

    Душанбе, 19 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои тақвияти ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон меҳвари мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва роҳбари ҳайати парлумонии Эрон Ҳусейн Ҳошимиён буд, ки 19 октябр дар Душанбе баргузор шуд.     Ш. Зуҳуров  тавсеаи ҳасанаи ҳамкориҳои судманди ду кишварро дар бахшҳои  гуногун ифодагари  иродаи сиёсии сарони ҳар ду кишвари дӯсту бародар арзёбӣ кард. Мавсуф афзуд, ки Тоҷикистону Эрон ҳамчун кишварҳои дорои муштаракоти забониву фарҳангӣ дар замони муосир дар ҳалли масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ дар канори ҳам буда, дифоъ аз манфиатҳои ҳамдигар менамоянд.          Роҳбари ҳайати  парлумонии Эрон Ҳ. Хошимиён афзуд, ки кишвараш ҳозир аст дар тамоми соҳаҳо бо Тоҷикистон ҳамкориҳои судманд дошта бошад. Вай таъкид кард, ки Эрон дар ҳама лаҳзаҳо дар канори Тоҷикистон аст ва  ба ин кишвар кӯмак хоҳад расонд.        Ҷонибҳо масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ карданд. Раиси Комиссияи амнияти миллии парлумони Эрон дар анҷоми мулоқот аз номи Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон аз Шукурҷон Зуҳуров даъват ба амал овард, ки дар вақти барояш муносиб ба Эрон сафар намояд.

Октябрь 19, 2010 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд